Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ҳафтуми август август дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки «Тоҷикистон бо Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ дорад.
Се гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд воқеъ мебошанд: «Гулистон» дар ноҳияи Исфара, «Маданият» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва «Овчӣ Қалъача» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як гузаргоҳи сарҳадӣ дар водии Рашт –«Лахш» ва як гузаргоҳи сарҳадии «Қизил Арт» дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”. Тавассути гузаргоҳҳои «Лахш» ва «Қизил Арт» танҳо шаҳрвандон мегузаранд ва ҳоло молу маҳсулот интиқол дода намешавад. Дар ин давра тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Кирғизистон қариб 53 ҳазор шаҳрванд рафту омад намудаанд. Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон иброз намуд, ки интиқоли молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ттавассути дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон», воқеъ дар ноҳияи Исфара ва дидбонгоҳи гумрукии «Маданият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба роҳ гузошта шудааст. Тавассути дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и шаҳри Исфара ба таври транзит аз Чин ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид карда мешавад. Дар ин давра тавассути ин дидбонгоҳи гумрукӣ ба Тоҷикистон аз Чин 658 воситаи нақлиёти боркаш ва 1 ҳазору 629 воситаи нақлиёти сабукрав ворид карда шудааст. Ҳоло гузаргоҳи сарҳадии «Овчӣ Қалъача» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият надорад. Марзия САИДЗОДА



