Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст шуд.

Дар байни занону духтарони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардид. Дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм, дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи чорум гардид.
Дар байни дастаҳои касбӣ дастаи занонаи волейболи шаҳри Душанбе-1 ҷойи якум, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи дуюм, дастаи вилояти Суғд ҷойи сеюм ва дастаи Душанбе-2 ҷойи чорумро сазовор шуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь