Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин карда хоҳанд шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, бо ташаббуси сокинони маҳаллаи Деҳқонободи шаҳраки Бӯстони ноҳия кофтани чоҳи амудӣ барои таъмини мунтазам бо оби нӯшокӣ оғоз ёфтааст. Зиёда аз 50 хонаводаи кӯчаи Умари Хайёми маҳаллаи Деҳқонобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳраки Бӯстон бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд. Сокинони ин маҳалла солҳои охир аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ доштанд. Аҳолии ин маҳал давоми як шабонарӯз ҳамагӣ 2-4 соат ба об дастрасӣ доштанду бас. Сабаби асосии норасоии об дар фасли тобистон, кам шудани миқдори об ва маҳдуд будани иқтидори шабакаи обтаъминкунӣ дар маҳалла аст. Бо дарки зарурати ҳалли мушкилӣ, аҳолии маҳалла сарҷамъона маблағ ҷамъ оварда, ин иқдомро амалӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь