5-6 март дар Тоҷикистон бориши бошиддати борон ва омадани сел пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин маврид аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Бориши борони бошиддат дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон ва шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.
Рӯзҳои 5-6 март дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чанок (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура, Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об эҳтимол дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон- ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд омадани сел пешгӯӣ карда мешавад.
Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь