Футзал: Тоҷикистон – Макао 10-2
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С тими миллии Макаоро бо ҳисоби калони 10:2 шикаст дод.
Ин бозӣ 20-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир шуд. Футзалбозони тоҷик дар нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи меҳмонон чаҳор гол, дар нимаи дуюми дидор шаш гол ва футзалбозони Макао ду гол ба самар расонданд.
Дар бозии дигари даври якум дар гурӯҳи С тими миллии Ҷопон бар дастаи мунтахаби Камбоҷа бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.
Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С мунтахаби Тоҷикистон бо Камбоҷа рақобат мекунад. Ин бозӣ 22-юми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Пеш аз ин дидор тимҳои миллии Макао ва Ҷопон (соати 17:00) вориди рақобат мегарданд.
Блоки рекламавӣ



