Маросими ақди никоҳи 32 нафар дар маҳбас доир шудааст. Дар ин бора масъулини Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Суғд зини нишасти матбуотӣ иттилоъ додаанд.

Фараҳманд Ҳайдарӣ, масъулини Раёсати САҲШ дар Суғд гуфтааст чунин мавридҳо дар пайи роҳандозии никоҳи сайёр ба қайд гирифта шудааст: “Никоҳҳои сайёр ҳамасола гузаронида мешаванд. Давоми моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ дар умум 32 ақди никоҳи сайёр дар муассисаҳои ислоҳии Суғд гузаронида шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 25 маврид зиёд аст” – гуфтааст Ҳайдарӣ. Бино ба иттилоъи манбаъ, мардони никоҳшаванда ҳама дар ҳоли иҷрои ҷазо қарор дошта бо ҳамсарони худ, ки дар озодӣ қарор доранд, ақди никоҳ бастаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь