Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайатҳои дастаҳои футболи “Хуҷанд”, “Истаравшан” ва “Эсхата” баргузор гардид, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Раиси вилоят аз иштироки фаъолонаи дастаҳо дар мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дастаҳои “Истаравшан” ва “Эсхата”-ро ба муносибати роҳ ёфтан ба марҳилаи чорякниҳоии мусобиқа самимона табрик кард.

Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии дастаҳои футболи вилоят, аз ҷумла “Хуҷанд”, “Истаравшан” ва “Эсхата” пайваста чораандешӣ менамояд ва барои таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, омодасозии мутахассисону футболбозони ҷавон ва иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ кӯмак мерасонад.

Бо мақсади қадрдонӣ ва рӯҳбаландсозии варзишгарон ҳар се даста бо мукофоти пулӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ ва тӯбҳои бренди “MOLTEN” сарфароз гардонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь