Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи бештари фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки 28 январ ва шаби 29 январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи бештари фаромадани тарма дар назар аст.
Фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок (километрҳои 48–74), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин минтақаҳои Манем, Вуж, Тангив ва Бидуи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба вазъи номусоиди ҳаво ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд.

27 – 29 январ: Аз тарма эҳтиёт кунед!
Блоки рекламавӣ


