Зиёда аз 72 асари илмӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин татбиқи 5 лоиҳаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар соли 2025 мебошанд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд.

Ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода иттилоъ дод, ки соли 2025 донишгоҳ бо 8 муассисаи байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳоло бо зиёда аз 130 муассисаи дохиливу хориҷӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ мондааст. Дар ин давра 5 омӯзгор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса ба донишҷӯён дарс гуфтанд.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳимояи беш аз 58 рисолаи номзадӣ ва докторӣ анҷом ёфта, 24 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистратура, аз ҷумла дар самтҳои зеҳни сунъӣ, Web-дизайн, технологияҳои иттилоотӣ ва забономӯзӣ таъсис дода шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь