Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар давоми рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 227 ҳолати нави сироят аз коронавирус сабт шудааст, ки аз ин 129 нафарашон дар Тошканд мебошанд.

Гуфта мешавад, то 14-уми апрел шумораи шаҳрвандони мубталои коронавирус дар Ӯзбекистон ба 85730 нафар расидааст. Дар айни замон, дар ин кишвар 83.462 нафар (98%) аз сирояти коронавирус пурра шифо ёфтаанд.

То имрӯз, 15 апрел, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, шумораи одамоне, ки аз коронавирус воксинзанӣ шудаанд, дар ин кишвар ба 300 854 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон чанд моҳ шуд, ки сирояти нави ин вирус ба қайд гирифта намешавад. Дар маҷмуъ, дар Тоҷикистон 13308 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд, аз ин шумора то 13-уми апрел 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд ва 90 нафар бар асари он фавтидаанд. Дар Тоҷикистон низ вокзинзанӣ бар зидди ин вирус оғоз шудааст, аммо ҳеч оморе нест, ки шумораи дақиқи воксиншудаҳоро маълум кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь