Варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг иштирок доштанд, ба Ватан баргаштанд.
Варзишгарон ва мураббиёни онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва масъулони соҳаи варзиш дар сатҳи баланд ва бо шаҳомоти хосса истиқбол гирифтанд.
Ёддовар мешавем, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг, ки 30 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз шуда буд, 22 медал ба даст оварданд.
Мусобиқа тамоми гурӯҳҳои синнусолиро дар бар гирифта, ба варзишгарон имкон дод, ки тибқи меъёри гуногун бо ҳам рақобат намоянд.
Дар ин мусобиқа паралимпичиёни дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок доранд. Ҳайати паралимпии Тоҷикистон аз 16 варзишгар ва 2 мураббӣ иборат буда, 22 медал ба даст овард.
Дар ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистонро чор нафар духтарон ҳастанд, ки мақоми варзишии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ишғоли ҷойҳои намоён ба зинаи баланд бардоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки барои иштироки варзишгарон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ва сафарбарнамоии онҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қабл аз сафар бо онҳо машварати роҳнамоӣ баргузор гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь