МИМҲД-и шаҳри Бохтар ба диққати сокинону меҳмонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мерасонад, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар санаи 21-марти соли ҷорӣ чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Аз ҷумла, намоиш ҳунарҳои мардумӣ дар майдони 70-солагии азхудкунии водии Вахш, корвони наврӯзӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, барномаи театрӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва барои сокинону меҳмонон соати 18:00 дар назди Теппаи Қурғон бо иштироки ҳунармандон Олими Ҷумахон, Фараҳноз Шарапова, Зайнура Пулодова, Сангалӣ Мирзоев, Шуҳрати Сайнак ва дигарон баргузор мегардад.
Масъулини мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ҳамаи Шуморо ба чорабинии бошукӯҳи Наврӯзӣ санаи 21 марти соли ҷорӣ даъват менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь