Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҳунармандон ба ҳисоби миёна 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 8,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират, ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра шумораи ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ ба 20 ҳазору 901 нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли пеш 2247 нафар зиёд мебошад. Сабаби асосии афзоиши ёфтани шумораи ҳунармандон бақайдгирии расмии онҳо мебошанд.
Шумораи умумии ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ дар вилояти Суғд 16 ҳазору 114 нафар, дар Хатлон – 2487, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1648 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 417 ва дар шаҳри Душанбе 235 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026», ки бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳои дар ҳоли аз байн рафтан қарордошта қабул гардидааст, соли 2025 ба 20 ҳунарманд ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ грант ҷудо гардид.
Тибқи иттилои вазорат, соли 2025 дар 6 маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз рӯйи 20 касбу ихтисос омӯзиш ба роҳ монда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь