Соли 2025 1 миллиону 647 ҳазору 593 нафар ҷаҳонгардони дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан кардаанд, ки назар ба солҳои пеш бамаротиб бештар мебошад.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки сайёҳон бештар аз маконҳои таърихиву сайёҳии Чилучорчашма, Аҷинатеппа, Бешаи палангон, Ҳазрати Амирҷон, Ҳулбук ва дигар мавзеъҳо дидан кардаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳудуди вилоят 940 ёдгориҳою мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 125 меҳмонхона, 156 мавзеъҳои сайёҳӣ, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 143 тарабхона, 46 осорхонаҳо, 18 ширкатҳои сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 ҳомстей ва гестхаусҳо, 78 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳҳо, 48 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 ишораҳои сарироҳӣ ва 26 нуқтаҳо иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь