Мақомоти расмӣ мегӯянд, соли 2025 аз тариқи ду фурудгоҳи кишвар ба Тоҷикистон 1623 ҷасад овардаанд. Намояндагони Оҷонии ҳавонавардӣ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, соли гузашта аз Фурудгоҳи Душанбе 1585 ҷасад овардаанд, ки назар ба як соли пеш 430 адад бештар аст. Ба Фурудгоҳи Кӯлоб 38 тобут овардаанд, ки дар муқоиса ба як сол пеш 24 адад камтар мебошад.
Дар Тоҷикистон чаҳор фурудгоҳи байнулмилалӣ аст ва маълум нест, ки аз тариқи фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Бохтар чанд ҷасад оварда шудааст.
Блоки рекламавӣ



