Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз дусад зан қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд.
Раиси Кумитаи занон Бунафша Файзиддинзода, ки рӯзи панҷуми феврал дар нишасти хабарии солона бо рӯзноманигорон, ин оморро ташвишовар хонд. Ӯ гуфт:
“Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва мақомоти маҳаллӣ бо усули хона ба хона, деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо аҳолӣ кор мекунанд. Новобаста аз ин, аз рӯйи маълумоти ҷамъбасти сол ва рақамҳое, ки ман дар мавриди зӯроварӣ номбар кардам, ташвишовар ҳаст.”
Ба иттилои расмӣ, дар соли 2025 беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.
Блоки рекламавӣ



