Ситора Бобоева, сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои куштани духтари сесолааш ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи ноябри соли 2025 эълон шуд.
Модар дар содир намудани куштор бо бераҳмии махсус айбдор дониста шудааст. Мақомот сабаби содир шудани ҷиноятро асабонияти модар аз рафтори кӯдаконаи духтараш гуфтанд.
Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар бадани кӯдак аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кардааст.
Блоки рекламавӣ



