Дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Tashkent Grand Slam 2026, ки аз 27-уми феврал то 1-уми март дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунанд.
Мувофиқи маълумоти сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 то рӯзи 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвари чаҳор қитъа номнавис гардидаанд.
Дастаи мизбон – Ӯзбекистон – бо ҳайати ҳама зиёд – 55 нафар (28 мард ва 27 зан) ширкат меварзанд.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Чин 26 нафар (13 мард ва 13 зан), Русия 22 нафар (11 мард ва 11 зан), Ҷопон 21 нафар (11 мард ва 10 зан), Озарбойҷон 19 нафар (13 мард ва 6 зан), Италия 18 нафар (7 мард ва 11 зан), Тоҷикистон 17 нафар (13 мард ва 4 зан) ҳастанд.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Умар Расулов, Музамир Каримзода (ҳарду дар вазни то 90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов (ҳарду дар вазни то 100 кг) ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+100 кг) муаррифӣ менамоянд.
Дар сабқати занон бошад, аз Тоҷикистон Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) ҷувва меозмоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь