Соли 2025 аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 163 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид. Нисбат ба онҳо бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби суд ҷарима ва ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз татбиқ гардид. Баъзе нафарон такроран ба ин амал машғул гардида, дидаю дониста ҷиноят содир кардаанд. Бо назардошти ислоҳнопазир будани онҳо соли 2025 нисбат ба 14 фолбин тибқи талаботи моддаи 240, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Бояд гуфт, 31 июли соли 2025 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 482, илова 1 (истифода аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) мавриди амал қарор гирифт. Тибқи талаботи ин модда нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда пешбинӣ карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь