15 кишвари ғарбӣ бо роҳбарии Фаронса хостори ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин шуданд. Изҳороти ин кишварҳо баъди як конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар бораи низои миёни Исроил ва фаластиниҳо пахш шуд.

Зери ин баёния вазирони корҳои хориҷии Фаронса, Финландия, Ирландия, Испания, Портулагия, Люксембург, Словения, Малти, Андора, Сан-Марино, Норвегия, Исландия, Австралия, Канада ва Зеландияи нав имзо гузоштаанд.

Намояндагони 15 кишвари ғарбӣ аз вазъияти бади инсонӣ дар Навори Ғазза нигаронӣ карда, хостори қатъи ҷанг шудаанд. Вазирони корҳои хориҷии ин 15 кишвар эълон кардаанд, ки омодаи ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ҳастанд ва аз дигарон ҳам даъват кардаанд, ки ба ин раванд пайванданд.

Нахуствазири Бритониё  рӯзи  29 июл эълон кард, ки агар Исроил дар Ғазза оташбас ҷорӣ накунад, Бритониё моҳи сентябр кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад.

Мавқеи Лондон ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи Фаластин баъд аз он тағйир ёфт, ки вазъити инсонӣ дар Навори Ғазза бадтар шуда, Созмони Милали Муттаҳид аз қаҳтии густурда дар ин минтақа ҳушдор додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь