Имрӯз зимни нишасти хабарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар дода шуд, ки дар 6 моҳи соли 2025-ум 11 ҳазору 528 нафар аз ташхиси ВНМО гузаронида шуданд, ки аз ин 15 кас сироятшуда ба қайд гирифта шудаанд.
Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар зиёд мебошад. Ҳамагӣ дар ҳудуди шаҳр гирифторони бемории ВНМО 589 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 229 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ, ки аз соли 2005 дар қайд мебошанд, 146 нафарашон фавтидаанд, 443 нафарашон таҳти назорати доимии марказ қарор доранд. Тибқи таҳлилҳо 20 нафар ба тариқи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.
Саодати Абдукарим
Блоки рекламавӣ