Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе овард.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Ин гурӯҳи мусофирон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои ҷавобии Ҷумҳурии Исломӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ банд монда буданд.
“Дар пайи музокирот бо мақомоти Иморот, қарор шуд, ҳавопаймои ширкати Fly Dubai даҳҳо мусофири дармондаро аз Дубай ба Душанбе интиқол диҳад,” — афзуд намояндаи ВКХ.
Интиқоли шаҳрвандон ба Тоҷикистон тавассути ширкати “Сомон Эйр” ҳам давом мекунад ва ба эҳтимоли зиёд рӯзи 7-уми март як ҳавопаймо хоҳишмандонро аз Иморати араб биёрад.
Ба иттилои ВКХ, то бегоҳии 6-уми март аз Эрон 288 шаҳрванди Тоҷикистон бароварда шуданд. 172 нафар тариқи сарҳади Озарбойҷон ва 116 кас ба воситаи Туркманистон омаданд.
“Аз ин теъдод, танҳо рӯзи шашуми март 30 нафар аз тариқи Озарбойҷон ва 2 нафар тариқи Туркманистон бароварда шуданд. Тамосҳо ва мусоидати шабонарӯзии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар кишварҳои Ховари Миёна идома дорад,” – гуфт як намояндаи вазорат.
Ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 5-уми март 115 нафарро аз шаҳри Абузабии Иморати Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овард.

117 нафар аз Дубай ба Душанбе расиданд
Блоки рекламавӣ


