“Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» аз соли фаъолият то имрӯз зиёда аз 117 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил ба 42 давлати ҷаҳон фиристодааст. Аз ин шумора 30 фоиз духтарон ҳастанд” – гуфтаанд дар вохӯрӣ дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо донишҷӯёни тоҷике, ки тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар хориҷа таҳсил менамоянд.
Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз соли 2008 фаъолият дошта, вазифаи асосии он интихоб, роҳнамоӣ ва фиристодани довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ тавассути стипендияҳо, грантҳо ва дигар барномаҳои байналмилалӣ аст.
Танҳо дар соли таҳсили 2024-2025 тибқи стипендияи «Дурахшандагон» 131 довталаб таҳсил кардааст.
Блоки рекламавӣ