Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон аз ҷониби Раёсати Кумитаи бехтарарии озуқавории вилоят ба 1116 сагу гурба шиноснома дода шудааст, ки нисбати шаш моҳи соли 2024-ум 7 адад кам мебошад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии ниҳоди мазкур иттилоъ доданд.
Нархи як шиноснома барои сагҳо 6 сомонӣ аст ва шиносномаҳо дохиливу хориҷӣ мешаванд. Гуфта шуд, соҳиби шиноснома шудани сагҳо хуб аст, зеро вақте онҳо ба сокинон осеб мерасонанд, маълум карда мешавад, ки саг бемори ҳорӣ дорад, ё не.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 4448 саг аз бемории ҳорӣ эмгузаронӣ карда шудаанд.
Блоки рекламавӣ