Дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд, хабар доданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд таъкид намуд, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Блоки рекламавӣ



