Кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар соли 2025 ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 190 ҳолати қонуншиканӣ дар самти ҳифзи муҳити зистро ошкор карда нисбати қонуншиканҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 92 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима бастаанд.
Мирзозода Маҳмадшариф, сардори ниҳоди мазкур ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки аз 190 қонуншикании ошкоршуда 103 қонунишканӣ дар самти муомилот бо партов мебошад, ки 60 дарсади умумии қонуншиканиҳоро ташкил медиҳад.
Ӯ афзуд, ки дар самти ҳифзи олами наботот, яъне буридани ғайриқонунии дарахтон 32 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Блоки рекламавӣ



