Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ба муддати 26 соат об қатъ мегардад. Гуфта мешавад, ки дар аз соати 8-и субҳи санаи 18-уми июли соли 2024 то соати 10:00 санаи 19-уми июл интиқоли об ба истеъмолкунандагон қатъ хоҳад шуд.

Аз Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки азнавсозии шабакаҳои магистралии обу канализатсияи қитъаи “Гардиши Фурудгоҳ”-и шаҳри Бохтар (Бозори Ҳоҷӣ Шариф) дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Пудратчии ҶДММ «Сомон-Энержи» тасмим гирифтааст, ки корҳои пайвасти қубурҳои обгузари хатти навро дар мавзеъи чорроҳаи ҳаракати ҳалқашакли бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ба анҷом расонад.

Сабаби қатъ гардидани об барои истеъмолкунандагон корҳои баанҷомрасонӣ дар шабакаи мазкур зикр гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь